Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Давлати Қатар мулоқот кард
10 июли соли 2024 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо муовини вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Абдулло ибни Халаф бин Ҳаттоб ал-Каъбӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қатар ва татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо атрофи масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо байни сохторҳои соҳавии ду кишвари дӯст табодули афкор намуданд.