Имрӯз Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол, Агентии омор ва Агентии содирот нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Имрӯз, 14 феврал Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:30 дар Агентии омор баргузор карда мешавад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишасти матбуотиро соати 10:00 дар вазорати мазкур барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 дар Агентии содирот доир карда мешавад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 11:00 дар кумитаи мазкур баргузор менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE