Темур Раҳимов бо медали биринҷии «Abu Dhabi Grand Slam 2022» ба Ватан баргашт
Имрӯз паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов бо медали биринҷии Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Ватан баргашт.
Темур Раҳимовро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздикону пайвандон, дӯстон ва намояндагони соҳаи варзиши мамлакат истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо дар АМА, ки аз 21 то 23 октябр бо иштироки 414 варзишгар (239 мард, 175 зан) аз 65 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 10 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд. Танҳо ба Темур Раҳимов муяссар шуд, ки соҳиби медали фахрии мусобиқа шавад.
Хотиррасон мешавем, ки ин медали сеюми Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин имсол дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардида, дар зинаи аввали рейтинги ҷаҳонӣ мавқеъ дорад.