Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми зеркумита оид ба рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
19 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи зеркумита оид ба рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва Иттиҳоди Аврупоро Сардори Департаменти Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ, Директори генералии INTRA Комиссияи Аврупо Сара Риналди роҳбарӣ намуд.
Инчунин дар ҷаласаи зеркумита роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони сохторҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла муовинони вазирони молия, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақвият додани ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар доираи Барномаи нави индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, тақвияти робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамзамон дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+)-ро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон вобаста ба ҷалби бештари сармояи Иттиҳоди Аврупо ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани маблағҳои лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат, инчунин маблағгузории НБО «Роғун» ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, хусусан корхонаҳои нассоҷӣ, сохтмони неругоҳи барқи обии хурду миёна пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.