Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Британияи Кабир

15 феврали соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонсро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи баргузории аввалин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир, ки 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир роҷеъ ба соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок табодули назар намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE