Имрӯз Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
16 феврал Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соати 09:00 дар ин мақомот доир карда мешавад.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Кумитаи андоз (кӯчаи Неъмат Қарабоев, 42/2) баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар вазорати мазкур барпо карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нишасти матбуотиро соати 14:00 дар мақомоти мазкур доир менамояд.
Нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 15:00 дар Вазорати адлия доир мешавад.
Нишасти матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 15:00 дар Суди Олӣ баргузор карда мешавад.