Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии Жаутиков “IZHO – 2024” дар Қазоқистон иштирок доранд

Рӯзи дуюм аст, ки наврасони боистеъдоди тоҷик ҷиҳати иштирок дар 20-умин олимпиадаи байналмилалии Жаутиков “IZHO – 2024” дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон қарор доранд. Дар ин бора аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Олимпиадаи мазкур байни 15 давлати дунё доир гардида, дар он 85 даста, ки иборат аз 600 нафар мебошад, ширкат меварзанд.

Довталабон аз рӯи се фан: физика, математика ва технологияи иттилоотӣ имтиҳон месупоранд.

Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ 6 даста дар ҳайати 40 нафар муаррифӣ менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE