Намояндагони Тоҷикистон дар Гурҷистон ва Арманистон мубодилаи донишу таҷриба менамоянд

Аз 10 то 17 июл намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ҷиҳати мубодилаи донишу таҷриба дар Гурҷистон ва Арманистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти молия  иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз ин чорабиниҳо шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафта дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ, шаффофияти буҷетӣ ва самараноки буҷети таҳсилоти Гурҷистон ва Арманистон мебошад.

Дар ин чорабиниҳо намояндагони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар идораҳо иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки сиёсати молиявӣ аз қисмҳои таркибӣ ва асосии сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, ҳамеша такмил ва татбиқи таҷрибаи бешрафтаро тақозо менамояд. Дар ин замина омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ яке аз василаҳои муассири таҳия ва ҷорӣ намудани тарҳҳои натиҷабахши молиявӣ маҳсуб меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE