Бар асари бархӯрди якчанд мошин дар Туркия 11 нафар ба ҳалокат расид

Бар асари пай дар пай ба ҳам бархӯрдани мошинҳо дар Туркия 11 нафар ҳалок ва 57 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи давлатии телевизион ва радиои TRT хабар додааст.

Садама дар шоҳроҳи Мармараи шимолӣ, дар наздикии вилояти шимолу ғарбии Сакарёи Туркия ба амал омад. Дар натиҷаи садамаи пай дар пайи аз сабаби тумани ғафс рухдода дар ноҳияи Дагдибии самти Истанбул ҳафт мошин, аз ҷумла се автобус ва як мошини боркаш  ба ҳам бархӯрдаанд.

Ҳокими вилояти Сакарё Ясар Карадениз ба шабакаи давлатии телевизиону радиои TRT иттилоъ дод, ки ба зарардидагон дар даҳ беморхонаи гуногун кумак мерасонанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE