Иштироки Сафорати Тоҷикистон дар чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ дар Туркманистон

16-18 феврали соли 2023 дар шаҳри Ашқобод дар Донишкадаи равобити байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон бахшида ба Рӯзи кормандони дипломатии Туркманистон бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ конфронси байналмилалии «Муколама гарави сулҳ» баргузор гардид.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи таҷлили ин чорабинӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши гӯшаи фарҳангии намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Ашқобод доир гардид, ки дар ин ҷашнвораҳо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон низ ширкат дошт.

Дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзиҳои суннатӣ, китобу брошюраҳои сайёҳӣ барои ошноӣ бо фарҳангу суннатҳои мардуми тоҷик ва табиати нотакрори кишвар, ки дар атрофи худ хоҳишмандони зиёдеро гирд овард, муаррифӣ гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE