Озмун ҷиҳати таҳсили зинаи бакалавр бо ихтисоси “ҳуқуқшинос” эълон гардид

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2023-2024 ҷиҳати таҳсили зинаи бакалавр бо ихтисоси “ҳуқуқшинос” дар Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Красноярск, озмун эълон менамояд.
Барои гирифтани маълумоти пурра метавонед ба Шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кучаи Н.Қарабоев 52,
телефонҳо барои тамос: (+992 372) 33-02-95, 34-05-39 www.akn.tj (http://www.akn.tj/)
Муҳлати қабули муроҷиати довталабон то 15 марти соли 2023 давом меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE