Хонандаи тоҷик Муҳаммад Қодиров дар Олимпиадаи байналмилалии шаҳри Боку сазовори ҷойи сеюм гардид

 Хонандаи синфи 9-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Муҳаммад Қодиров дар Олимпиадаи байналмилалии шаҳри Боку сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин бора сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Олимпиадаи байналмилалии «Озмоишгоҳи омоданамоии маҳоратҳо» («Лаборатория подготовка талантов») аз рӯи фанҳои дақиқ аз 11 то 15 декабр миёни наврасони давлатҳои гуногуни дунё дар шаҳри Бокуи давлати Озарбойҷон баргузор гардид.

Олимпиадаи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба фанҳои дақиқ баргузор гардида, имкон медиҳад неруи зеҳнии наврасон инкишоф ёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE