Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар асоси барномаи Лира-Сапр доир ба мустаҳкамии биноҳо машғулият оғоз намуд

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзонидани масъалаҳои ҳисоби муҳандисии конструксияи бинову иншоот бо назардошти таъсири сейсмикӣ дар асоси барномаи Лира—Сапр машғулияти омӯзишӣ оғоз намуд. Дар ин хусус  дар Кумитаи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мутахассисон аз Федератсияи Русия муҳандисон ва конструкторони тоҷикро аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тӯли як ҳафта ба омӯзиш фаро мегиранд.

Таъкид гардид, ки пас аз заминларзаҳои шадиди дар давлатҳои Туркия ва Сурия баамаломада бо мақсади санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар бо даъвати Кумита мутахассисон аз Федератсияи Русия ба шаҳри Душанбе омаданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар машғулият масъалаҳои ҳисоби муҳандисии конструксияи бинову иншоот бо назардошти таъсири сейсмикӣ дар асоси барномаи Лира-Сапр омӯзонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2023 пас аз заминларзаҳои рӯзҳои охир дар Туркия ва Сурия бо мақсади санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар мамлакат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE