Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мавзеи офати табиӣ дар деҳаи Яхаки ноҳияи Нуробод ва минтақаи Сари Ҷар-Сангвор шинос шуд
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мавзеи офатҳои табиӣ дар ноҳияи Нуробод ва ноҳияи Рашт шинос гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод иттилоъ доданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани офатҳои табиӣ таъсис дода шуд. Ин гурӯҳи корӣ бо мавзеи офати табиӣ дар деҳаи Яхаки Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимов шинос шуда, бо мардум суҳбат намуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, оилаҳое, ки манзилҳои истиқоматиашон зарар дидааст, ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Инчунин масъалаи сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида ва расонидани кумаки моддӣ баррасӣ шуд.
Имрӯзҳо бо истифода аз техникаи муҳандисии вазнин корҳои роҳсозӣ дар минтақаи Сари Ҷар-Сангвор ва километри 140-уми роҳи Нуробод-Рашт идома дошта, барои рафтуомади мошинҳо роҳи муваққатии каноравӣ кушода шудааст.
Зарари офати табиӣ, ки 18 майи имсол дар натиҷаи бориши зиёди борон ба хоҷагии халқи ноҳияи Нуробод ва роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию маҳаллӣ расид, аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ муайян карда мешавад.
Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Нуробод аз дастгирию ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ шод гашта, изҳори миннадорӣ намуданд.