Ба Аврупо буҳрони об таҳдид мекунад
Каталония дар шимоли Испания бо сабаби хушкие, ки аллакай беш аз ду сол боз идома дорад, дар истифодаи об барои тақрибан 6 миллион аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ менамоянд. Тадбирҳо ба 224 шаҳрдорӣ, аз ҷумла Барселона ва Жирона таъсир мерасонанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews.
Системаи обии Тер Лобрегат, ки қисми зиёди минтақаи Испанияро таъмин менамояд, ҳамагӣ 27 фоиз бо об пур аст, зеро дар тӯли 25 моҳ дар ин ҷо амалан бориш набуд.
Боғҳои хусусӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дигар обёрӣ карда намешаванд ва идораҳои кишоварзӣ бояд истифодаи обро 40 фоиз кам кунанд.
Аммо на танҳо Испания ба хушксолӣ дучор мегардад, балки Италия, Фаронса ва дигар мамлакатҳои Аврупои ғарбӣ аллакай соли дуюм аст, ки аз набудани барфу борон азият мекашанд. Вазири хурди муҳити зисти Фаронса Беранжер Куйяр ҳушдор додааст, ки бояд тадбир андешида шавад, вагарна буҳрони обӣ сар мезанад.
Фаронса, Олмон ва Италия ба таври фаврӣ «нақшаҳои обӣ» таҳия мекунанд, ки ҳадафи асосии онҳо истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад.