Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуд

3 март дар Кохи Сомон  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Роҳбари  Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот кард.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика, шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, гумрук, сармоягузорӣ ва кишоварзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равнақ бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои афзалиятнок зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо барои истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф омодагии худро таъкид намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE