Мулоқот бо директори иҷроияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)
2 марти соли 2023 дар Боку дар ҳошияи нишасти сатҳи баланди Гурӯҳи тамоси Ҷунбиши адами тааҳҳуд мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо директори иҷроияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Кайрат Сарибай баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо МҲТБО мавриди муҳокима қарор дода шуданд.