Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазиранд.

Инчунин 12 март дар Душанбе мулоқоти сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар назар буда, аз натиҷаи он санади дахлдор ба имзо мерасад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE