21 март дар Душанбе ва ноҳияи Варзоб Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ оғоз мегардад
21 март, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ оғоз гардида, то 24 март идома мекунад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2023 доир шуда, дар он иштироки 120 варзишгар аз 12 давлати дунё пешбинӣ шудааст.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мебошад.