Ғолибони Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) муайян гардиданд

19 март дар муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри ДушанбеМусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор карда шуд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 130 варзишгар аз 26 давлати дунё иштирок намуда, маҳорат ва малакаи варзишии хешро нишон доданд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии гӯштингирии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Душанбе сухан гуфта, ба тамоми меҳмонону иштирокдорон барои сабқат барору пирӯзӣ орзу намуданд.

Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ)  барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Ғолибони Мусобиқаи байналмилалии  гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе:

Вазни 65 кг

Муллораҷаб Халифаев

Нико Тчикаидзе

Хурсандқул Куганов

Баҳром Суфиев

Вазни 71 кг

Наврӯзи Каримзод

Абдуллои Ориф

Муҳаммадраҳим Сарахонов

Муҳиддин Асадуллоев

Вазни 78 кг

Аслонбек Тоҷиев  дар вазни 78 кг дар  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” барандаи медали тилло гардид.

Вазни 86 кг

Масъуд Қавибозу- барандаи медали тилло

Вазни ҷамъи 86 кг

Муҳаммадкарим Хурамов- барандаи медали тилло

Бояд гуфт, ки ғолибони Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Ба ғолиби ҷои аввал 10 ҳазор доллари ШМА, ҷои дуюм  7- ҳазор доллари ШМА ва ба ду ҷои сеюм 3 ҳазор доллари ШМА мукофотпулӣ дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE