ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид

Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти вобастаи давлатии даъват, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулони ҷузъу томи низомӣ доир ба иҷрои талаботи қонуну санадҳои амалкунанда дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар ин хусус дар Вазорати мудофиа хабар доданд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки комиссияҳои даъват, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар мақомоти масъули даъват бояд ҳамкориро дар сатҳи зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи низомӣ ба роҳ монанд, то дар натиҷа ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва дорои аҳамияти мудофиавӣ дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд иҷро гардад.

Зимнан, ба прокуророни ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои зарурӣ қабул намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки кормандони мақомоти прокурорӣ ҷиҳати ташкил ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар самти амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва татбиқи босамари Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 пайваста бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ дар пойгоҳи қисму воҳидҳои низомӣ чорабиниву машваратҳои гуногуни кориро ташкилу роҳандозӣ менамоянд. Ҳадаф аз он пешгирии сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ дар самтҳои мазкур мебошад.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE