Ҷаласаи якуми коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба таври маҷозӣ баргузор мешавад
Нимаи дуюми моҳи апрели имсол ҷаласаи якуми коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз давлатҳои минтақаҳои Аврупо, Миёназамини Шарқӣ ва Африқои Шимолӣ ба таври маҷозӣ баргузор мегардад, ки дар он намояндаи Тоҷикистон низ иштирок мекунад. Дар ин хусус 16-17 март зимни баргузории ҷаласаи сатҳи баланди сеҷонибаи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва муҳоҷират, ки дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа давлатҳои аъзои се минтақаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ консепсияи тақвияти солимии муҳоҷирон ва бартараф кардани натиҷаҳои имконпазири муҳоҷират нисбат ба тандурустии ҷамъиятиро қабул намуда, уҳдадор шуданд, ки дар ин самт корҳои заруриро ба анҷом расонанд.
Дар доираи ҷаласаи мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директорони минтақаҳои Аврупо ва Миёназамини Шарқӣ вохўриҳои дуҷониба анҷом дод.
Дар вохўрӣ бо мақсади рушди ҳамкории байниминтақавӣ аз тарафи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон якчанд пешниҳоди муфид, аз ҷумла вобаста ба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тиббӣ тавассути иштироки мутақобилаи мутахассисон дар барномаҳои омӯзишии байниминтақавӣ ва ба роҳ мондани саноати дорусозӣ пешкаш гардид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ