Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши академик Файзулло Шарифзода дар рушди педагогикаи миллӣ”

Имрӯз дар Муассисаи давлатии китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши академик Файзулло Шарифзода дар рушди педагогикаи миллӣ доир гардид. Дар он як гурӯҳ равшанфикрон, олимону муҳаққиқон ва  устодони Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, маърӯзаҳо ироа намуданд.

Ҳамоиши мазкурро Директори Муассисаи давлатии китобхонаи миллии Тоҷикистон Чӯъмахон Файзализода ифтитоҳ намуда, ҳамагиро ба ҷамъомад хайрамақдам намуд. Сипас, Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён ба сухан баромада, вобаста ба хизматҳои шоёни Академик Файзулло Шарифзода маърӯза намуд. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки хизмати эшон дар рушди илми педагогика дар кишвар намоён аст, ки то ба имрӯз 100-ҳо шогирдонро дар ин самт таълиму тарбият намудаанд.

Инчунин дар идома Директори Муассисаи давлатии китобхонаи миллии кишвар Чӯъмахон Файзализода дар мавзӯъи “Файзулло Шарифзода оид ба тарбияи маънавии шахсият дар заминнаи мероси педагогии ниёгон” баромад намуда, қайд намуд, ки устод Файзулло Шарифзода то ба имрӯз дар самти педагогика таҳқиқотҳои зиёд бурда, дар ин замина 10-ҳо китобҳои илмиро ба нашр расонидаанд.

Бояд зикр намуд, ки Академик Файзулло Шарифзода то ба имрӯз дар чандин вазифаҳо  кору фаъолият намудааст. Ӯ бо заҳмату талошҳои пайваста баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ ба зиннаи аспирануртура ҳуҷҷат супорида, баъди адои он дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия рисолаи нозмадиашро дифоъ менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки Академик Файзулло Шарифзода бо навиштани асарҳои калонҳаҷму пурмуҳтаво дар ҷомеъа нақши муассир гузоштааст. Ҳамзамон  зери роҳбарии ӯ беш аз 50 нафар аспирантону унвонҷӯён дар мавзӯъҳои гуногуни педагогӣ рисолаи номзадӣ ва докториашонро дифоъ намуданд.

Комрони Абдувалӣ

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE