Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» баргузор мегардад

Бо мақсади баланд бардоштани нақши осорхонаҳо дар густариши маънавиёти ҷомеа, ободонӣ ва ба макони ҳақиқии истироҳати шаҳрвандон табдил додани онҳо, дар асоси банди 17 Нақша чорабиниҳои амалисозии “Барномаҳои давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025”(қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №115) ва банди 10 Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои апрел- майи соли равон Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни мазкур пеш аз ҳама иҷрои босифати банди 17 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» буда, ба ин васила баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳа ва мусоидат намудан дар ободонӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Талабот ва шартҳои Озмун чунин мебошад;

  • Муайян намудани сатҳу сифати тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
  • Санҷиши вазъи осорхона, сатҳи хизматрасонӣ ба тамошобинон, теъдоду сифати чорабиниҳо, шумораи ташрифоварӣ ба осорхона, теъдоди намоишҳои сайёр, экскурсияҳо бо забонҳои гуногун, вохӯриҳо бо ходимони илму фарҳанг;
  • Саҳми роҳбарияти вазорату идораҳо, ташкилоту корхона, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки осорхонаҳо, ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорон барои ободонии осорхонаҳо, мавҷудияти банди махсус дар буҷети маҳаллӣ ҷиҳати харидории ашёи осорхонавӣ ва обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо;
  • Вазъи фаъолияти илмӣ – таҳқиқотии осорхона, ҷадвали Феҳристи давлатии фонди осорхона ва нашрҳои чопии он (нашрҳои маълумотдиҳанда, библиографӣ, рӯйхати тавсиявӣ ва ғайра);
  • Вазъи ҳуҷҷатнигорӣ дар осорхона, мавҷудияти китоби воридотӣ, картотека, акс ва тавсифи илмии ашёҳо, шиносномаи илмии онҳо;
  • Сатҳи ҷамъоварии осори таърихию фарҳангӣ, ҳолати ҳифзу нигоҳдошти ашёҳо, сифати тарғиботи айёнии фонд (намоиши ашёи осорхонавӣ, лавҳаҳо, эълонҳо, фонди кушод), мавҷудияти шиору овезаҳои тарғиботӣ;
  • Таъминоти осорхона бо кадрҳои баландихтисос, вазъи такмили ихтисоси кормандон;
  • Вазъи ободонии осорхона, таъмири бино, ороиши бадеӣ ва экспозитсияҳо бо назардошти пайдарҳамии мантиқию таърихӣ, сатҳи таҳияи матнҳои тавзеҳотӣ, мавҷудияти мебелҳои замонавӣ, рафҳои ашёмонӣ, васоити равшанидиҳанда, шамолдиҳию гармидиҳӣ, зидди сӯхтор, кабудизоркунии гирду атрофи бино;
  • Таҳлили асноди коргузории осорхона (оиннома, дастурамалҳои вазифавии кормандон, сертификати истифодабарии замин, шиносномаи техникӣ, нақшаҳои корӣ ва чорабиниҳо, сенарияи чорабиниҳо, ҷадвали фаъолияти мунтазами маҳфилҳо);
  • Донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ аз ҷониби кормандон; – Тавсеаи равобит ва ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ бо осорхонаҳои ватаниву хориҷӣ;
  • Тарғиб ва ташвиқи осори таърихӣ ва дастовардҳои осорхона тавассути ВАО;
  • Гузаронидани корҳои оммавӣ – маърифатӣ ва машваратӣ дар муассисаҳои таълимӣ.

Ёдовар бояд шуд, ки Озмун аз рӯйи бахшҳои «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» ва «Беҳтарин хона-музей» дар се давр баргузор мешавад.

Даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда, осорхонаҳои намунавӣ ба даври дуюм роҳхат мегиранд. Дар даври дуюм аз ҳар минтақаи кишвар бо назардошти нобаробарии шумораи шаҳру ноҳияҳо теъдоди зерини осорхонаҳо пешниҳод мешаванд:

  • Вилояти Суғд – 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 3 хона-музей;
  • Вилояти Хатлон – 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ;
  • Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 2 хона-музей; – Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ.
  • Дар маҷмӯъ, 10 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 5 хона-музей ба даври сеюм роҳхат мегиранд. Даври сеюм ва маросими супоридани мукофотҳо дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бо барномаи рангини фарҳангӣ баргузор мешавад.

Дар озмун чунин мақомҳои ифтихорӣ муайян карда шудааст.

Дар бахши «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ»:

Ҷойи якум – 1 адад;

Ҷойи дуюм – 2 адад;

Ҷойи сеюм – 3 адад;

Иштироки фаъол – 4 адад.

Дар бахши «Беҳтарин хона-музей»:

Ҷойи якум – 1 адад;

Ҷойи дуюм – 2 адад;

Ҷойи сеюм – 2 адад.

Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳанг ва осорхонашиносон таъсис дода мешавад.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 34, тамос: (837) 2230472, 2211682, 2217962. Почтаи электронӣ: rrmfvhm@inbox.ru

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE