Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кувайт бозии дӯстона баргузор карданд
Шаби 28 март дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба футбол бозии дӯстона доир намуданд, хабар медиҳанд дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозӣ дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Кувайт дар ҳузури 1000 мухлиси футбол дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Кувайт бо ҳисоби 2:1 мағлуб гардид.
Қаблан дар сатҳи дастаҳои мунтахаби миллӣ ин дастаҳо танҳо як маротиба – 6 декабри соли 2004 дар доираи бозии дӯстона дар Ал-Кувайт вохӯрда буданд. Он рақобат бо пирӯзии дастаи мунтахаби Кувайт бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфта буд.
Бозии дӯстона
Кувайт – ТОҶИКИСТОН 2-1
Голҳо: Бадер Тарек Алӣ, 9 (1:0). Шабайб Алӣ-Халдӣ, 61 (2:0). Алишер Ҷалилов, 90 (2:1).
Ал-Кувайт, Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмад. 1000 тамошобин.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон