ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
ш.Душанбе. 30.03.2023
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои давраи то соли 2030 ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқот баргузор шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Аснои баргузории мулоқот кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе бо кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҷеъ ба роҳу василаҳои пешгирии коррупсия, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб, бетараф набудан ҳангоми бархӯрдан бо омилҳои коррупсионӣ ибрози андеша карданд.
Кормандони Раёсати Агентӣ зимни таҳлили вазъият оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ сухан намуда, аҳли нишастро даъват карданд, ки дар самти бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд. Вохӯрӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) роҳандозӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо он аз иштироки фаъолонаи ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад.