Ҷаҳонгир Маҷидов ба финали Бозиҳои Осиёӣ баромад…
🇹🇯 Ҷаҳонгир Маҷидов ба финали Бозиҳои Осиёӣ баромад 🤼
Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ рақобатро оғоз кард. Дар ин марҳила Маҷидов бар намояндаи Қирғизистон Даут Полтушев зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ баромад.
Дар даври нимниҳоӣ Маҷидов бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ – Ҳан Ҷуёп гӯштин гирифта, ғолиб омад ва роҳашро ба финал ҳамвор намуд.
Дар финали мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов бо Масучи Ротаро аз Ҷопон барои дарёфти медали тиллои Бозиҳои Осиёӣ мубориза хоҳад бурд.
🌏

