ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО. Ҳайати дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон дар он иштирок мекунад
7-9 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он 13 варзишгар аз Тоҷикистон иштирок хоҳад кард. Дар ин хусус дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 7 варзишгар ва аз байни ҷавонон 6 варзишгарро ба Алмаато мефиристад.
Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор мешавад. Варзишгарони мо танҳо миёни писарон рақобат мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Ҷоми Осиё – Алмаато:
Наврасон
-50кг – Меҳроҷиддин Гадоев
-55кг – Лоиқ Қутбиддинов
-66кг – Ворис Назаров
-73кг – Аминҷон Абдуҷалилзода
-81кг – Исмоил Бурҳонов
-90кг – Баҳоваддин Сулаймонов
+90кг – Фараҳманд Устопиров
Ҷавонон
-60кг – Саъдӣ Маҳмадов
-73кг – Абубакр Шеров
-81кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода
-81кг – Сайфиддин Сайфиддинзода
-90кг – Умедҷон Раҷабов
+100кг – Иброҳимҷон Элмуродов
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон