Дар Мастчоҳ 80 даъватшаванда баъди гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардид
2 апрел 80 даъватшавандае, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ курси ронандагиро тайи ду моҳи охир омӯхтанд, бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ дар қатори дигар ҷавонписарони ноҳия ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардид. Дар ин хусус дар Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, як гурӯҳ ҷавонон, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати Ватан-Модар гусел карда шуд.
Ба ин муносибат дар майдони Парчами давлатии маркази ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва волидони даъватшудагон маъракаи идона баргузор шуд.
Иброз гардид, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олии ватандорӣ — муҳофизати марзу буми Ватанро дарк мекунанд.
Дар идома комиссари ҳарбии ноҳия изҳори боварӣ намуд, ки ҷавонписарони далеру шуҷои Ватан баҳри ободии мамлакат, таъмини оромиву субот ва пешрафти Тоҷикистон ҷаҳду талош варзида, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ба таври шоиста иҷро менамоянд.
Даъватшаванда Алимардон Холиқзода, ки пас аз хатми яке аз донишгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргашта, бо ҳидояти модар ва амри дилу виҷдон барои адои хизмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ дидааст, гуфт, ки «хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо қарзи фарзандӣ, балки шараф ва ифтихори бузург аст».
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ