Барномаи ҷаҳонии озуқа барои ҳалли масъалаи гуруснагӣ дар ҷаҳон ба ҳамкории бештар даъват намудааст

«Ҳамкории ҷаҳонӣ бояд дар шароити буҳрони бесобиқаи ғизо тақвият дода шавад», иброз намуд директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Синди Маккейн. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.

Дар ҳоле ки муноқишаҳо, нобарориҳои иқтисодӣ, ҳодисаҳои фавқулодаи иқлимӣ ва болоравии нархи нуриҳо амняти ғизоиро шадидтар мекунанд, ҳамкории байналмилалӣ ба хотири наҷоти ҷони миллионҳо одамоне, ки дар минтақаи хатар қарор доранд, муҳим аст,-гуфт С.Маккейн.

«Авлавияти ман равшан аст: захираҳоро бояд афзоиш диҳем, самаранокии худро беҳтар созем, муносиботи шарикӣ ва инноватсияро инкишоф диҳем, то ба онҳое, ки ба он эҳтиёҷи бештар доранд, ҳалли замонавии масъала пешкаш гардад»,-гуфт ӯ.

С.Маккейн гуфт, ки яке аз иқдоми аввалини ӯ таъсиси гурӯҳи мақсаднок оид ба масоили инноватсионӣ аст, ки мутахассисони боистеъдодро аз бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ барои таҳияи амалҳои муассир ҷиҳати ҳалли мушкилии гуруснагии ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.

Тибқи арзёбии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, соли 2023 беш аз 345 миллион нафар дар саросари ҷаҳон бо буҳрони амнияти ғизоӣ рӯбарӯ гардид, ки 43 миллиони он дар остонаи гуруснагӣ қарор дорад.

Оҷонсии СММ гуфт, ки соли гузашта ба 158 миллион нафар дар саросари ҷаҳон кумаки ғизоӣ расонидааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар тӯли тамоми таърих аст.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE