Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид

Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии  пиёзи барвақтӣ оғоз ёфт. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун хабар додааст.

Аввалин шуда дар вилоят деҳқонони Ҷамоати «Истиқлол»-и ноҳияи Ҷайҳун ба ҷамъоварии пиёз шуруъ карданд.

Бо мақсади таъмини аҳолии Тоҷикистон бо ин маҳсулоти кишоварзӣ ва паст кардани нархи он дар бозори дохилӣ пиёз аллакай ба бозорҳои маҳаллӣ бароварда шудааст.

Вилояти Хатлон яке аз истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони асосии пиёз мебошад. Соли 2022 аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 448 755 тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шуд.

Имсол дар вилоят то имрӯз дар 10 044 гектар пиёз кишт карда шудааст.

Бояд гуфтд, ки соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии Тоҷикистон, тибқи пешгӯӣ, дар майдони 17 156 гектар кишти пиёз гузаронида мешавад, ки 11 261 гектари онро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE