117 литр сузишворӣ ба 100 километр

Автомобили аз ҳама  сӯзишвории зиёд истифода мегардида Bentley Meteor ном дорад.  Ба автомобили мазкур муҳаррики ҳавопаймоии Rolls-Royce Meteor V12 гузоштаанд, ки ҳаҷми он 27 литр аст. Ин гуна механизмҳо аслан дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон  дар ҳавопаймоҳои қиркунанда гузошта шуда буданд. Бо назардошти ин далел, қудрати таъсирбахшии  автомобил  чизи аҷибе ба назар намерасад.

Ҳоло Bentley Meteor ба музояда гузошта шудааст ва нархи ибтидоии он 800 ҳазор доллар аст. Тахмин кардан боқӣ мемонад, ки кай шахси хушбахте пайдо мешавад, ки мошини дорои иқтидори муҳаррики 2000 қувваи аспро идора карда тавонад. Дар айни замон, ҳама маҷаллаҳои автомобилӣ дар бораи автомобил мақолаҳо менависанд, он мунтазам қаҳрамони гузоришҳои аксҳо ва ҳикояҳои телевизионӣ мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE