Дар Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ таъмир ва навсозӣ карда мешавад

 Бо  дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  нуқтаҳои партовҷамъкунии ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъмир карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкуниро давра ба давра таъмир ва навсозӣ намояд.

Мутобиқ ба маълумоти мавҷуда, дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ 322 нуқтаи муваққатии партовҷамъкунӣ    мавҷуд аст, ки  72 адад ба шаҳракҳо, 89 адад ба маҳаллаҳо, 20 адад ба шахтаҳо ва 141 адад ба ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия рост меояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар  доираи татбиқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, партовгоҳҳо таъмир ва навсозӣ гашта, қуттиҳо рақамгузорӣ ва ба нуқтаҳои партов дарвоза насб карда шудааст. Инчунин корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашонӣ вазифадор карда шудаанд, ки тибқи талаботи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе сари вақт партовро аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бароранд.

Дар баробари ин аз шаҳрвандон тақозо карда мешавад, ки тозагии муҳити атроф, шаҳраку маҳалла, назди нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва биноҳои баландошёнаро таъмин карда, маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрдориро риоя намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE