Дар Тоҷикистон ба муддати 3 моҳ моҳигирӣ манъ карда шуд
Дар иртибот ба давраи тухмгузории моҳиҳо қариб 3 моҳ дар дарёву кӯлҳои Тоҷикистон ҳама гуна сайди моҳӣ манъ аст. Дар ин хусус дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мамнуъият аз 1 апрел оғоз гардида, то 15 июн идома меёбад.
«Дар ин давра дар саросари ҷумҳурӣ амалиёти фаврӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ мунтазам гузаронида мешавад, зеро сайди моҳӣ дар ин давра метавонад ба нигоҳдорӣ ва такрористеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад. Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва қоидаҳои моҳидорӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст», — иттилоъ доданд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ.
Тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонуншиканон- шахсони ҳуқуқӣ аз се то панҷ, шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд.
Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ, дар давраи тухмгузории соли 2023 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Ба роҳбарони бозорҳо барои дар давраи тухмгузорӣ ба хариду фурӯш роҳ надодан амрнома дода шуд. Инчунни дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, лавҳаҳои иттилоотӣ насб гардид.
Давоми 15 рӯзи аввали давраи манъи сайди моҳӣ дар ҷумҳурӣ санадҳои азназаргузаронӣ, 5 амрнома ва 1 протокол оид ба хариду фурӯши моҳӣ тартиб дода шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон