Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлон, Бадахшону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуданд. Дар ин хусус котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Вакилон давоми як ҳафта- аз 4 то 11 сентябр бо интихобкунандагони худ мулоқоту суҳбатҳо гузаронида, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва қарору қонунҳои нав қабулнамудаи ин мақоми олии қонунбарор суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон дар маҳалҳо бо ҳайатҳои меҳнатии омӯзгорон, духтурон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мулоқот менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE