Дар шаҳри Екатеринбург барои наврасони тоҷик даврҳои омӯзишии томактабӣ ифтитоҳ гардид
16 апрел дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия даврҳои омӯзишии томактабӣ барои фарзандони тоҷикони муқими ин шаҳр оғоз гардид. Дар ин хусус дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия хабар доданд.
Даврҳои омӯзишӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи «Гилдияи омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар минтақаи Урал» дар доираи барномаи «Мактаби якшанбегии забони русӣ барои наврасони синни томактабӣ» бо пуштибонии роҳбарияти ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Екатеринбург ва дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти тоҷикон «Дидор» ба таври ройгон ташкил карда шуд.
Дар навбати аввал 25 навраси тоҷик ба ин даври омӯзишӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо омӯзгорони касбӣ таълим хоҳанд дод.
Тибқи нақшаи роҳбарони барнома, дар оянда имкон аст, ки доираи васеи ҳамватанон ба ин машғулият фаро гирифта шавад.
АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург