Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон густариш меёбад

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкории дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон табодули назар намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Иброз гардид, ки аз замони амалӣ намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат равобити мутақобилан судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию маданӣ устувор гардид.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хориҷии мо мебошад. «Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳои мо мусоидат менамоянд, манфиатдор ҳастем», — афзуд мавсуф.

Дар мулоқот аз намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон, ки моҳи августи соли равон дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон  баргузор шуд ва дар он вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато намояндагӣ дошт, ёдоварӣ шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE