Вохурии Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин Лин Тзи
25 апрели соли 2023 дар доираи сафари расмии худ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Вазорати тиҷорати Чин, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин Лин Тзи мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дар самтҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, амалисозии саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои стратегии мавриди татбиқ қарордошта таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонии иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, энергетика, нақлиёт, саноат, туризм, маорифва ғайра миёни ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо фаъол намудани кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин ва татбиқи протоколҳои онро ба мақсад мувофиқ донистанд.