Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сиғаи маҷозӣ брифинг баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳошияи брифинг намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи об ва экология, намояндагони  кишварҳои аъзо, нозир ва шарикони муколамавии СҲШ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Чин ширкат варзиданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода дар бораи ҷараёни омодагӣ ба Конфонси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” зери мавзӯи “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, иттилоъ дод.

Зимнан, ба иштирокчиёни брифинг маълумоти муфассал оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, мақсад ва натиҷаҳои интизоршаванда марбут ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд, барнома ва чорабиниҳои тадорукотию ташрифотӣ манзур гардиданд.

Дар фарҷоми брифинг Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои манфиатдор, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони ҳавасмандро ҷиҳати иштироки фаъол дар кори Конфронси байналмилалӣ даъват кард.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 6-9 июни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бино бар дархости ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) муҳлати номнависӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе то 20 майи соли 2022 тамдид карда шуд. Дар ин бора дар нишасти дуюми тадорукотию ташрифотӣ, ки 4 май таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва бо ҳузури роҳбарияти мақомоти узви Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд, таъкид гардид.

Дар нишасти навбатӣ ҷонибҳо раванди татбиқи натиҷаи ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанберо, ки 12 апрели соли 2022 таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ намуданд. Ҳамчунин раванди омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла танзими намоишгоҳ, форумҳои пешазконфронсӣ, Марафон бо иштироки хонуми австралиягӣ — Мина Гулӣ, яке аз давандҳои машҳур дар пешбурди масъалаҳои об, Фестивали оби Душанбе, экскурсияҳо, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» (Virtual Reality, VR) дар мавзӯи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об” ва ғайра муҳокима гардида, дар зимн зарурати таҳкими раванди татбиқи вазифаҳои муштарак таъкид шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути пешбурди масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин масъалаҳо ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, дар ин раванд саҳми босазо мегузорад.

Ҳоло Конфронси дуюми оби Душанбе дар доираи татбиқи ташаббуси чоруми Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” барпо шуда, он ҳамчун чорабинии муҳими ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) пешбарӣ мешавад.

Дар ҳолати имрӯза тавассути торнамои конфронс беш аз 1000 нафар даъватшудагон  иштироки худро таъйид карданд. Бино бар дархости ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, муҳлати номнависӣ то 20 майи соли 2022 тамдид карда шуд. Номнависии тамоми ширкаткунандагон, аз ҷумла ҳайатҳои расмӣ дар Конфронси дуюми оби Душанбе тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ ҳатмӣ мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE