Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат меёбад

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии меҳмонхонаи панҷошёнаи «Кайҳон» барои 178 нафар бо 20 ҷойи кор, чойхонаи замонавӣ барои 240 мизоҷ ва тарабхона барои 240 мизоҷ бо 10 ҷойи кор, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи бофандагӣ бо даҳҳо ҷойи нави корӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иншооти замонавии фурудгоҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва таъсиси ҷойҳои кории нав бунёд карда мешавад.

Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки парки техникии фурудгоҳро бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ пайваста таъмин намояд.

Дар корҳои сохтмонии иншооти наву ҷашнии фурудгоҳ асосан масолеҳи хушсифати сохтмонии ватанӣ истифода мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE