Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм /БХМ ҚД/МТ/ бо иштироки аъзо аз  вазорату идораҳои марбутаи мамлакат баргузор шуд. Дар ин бора дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки азбаски баҳодиҳии хавфи миллӣ самтҳои гуногун, аз ҷумла  самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, коррупсия, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, амният ва бахусус хавфҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаро инъикос менамояд, гурӯҳи корӣ дар баҳодиҳӣ нақши ниҳоят муҳим мебозад.

Инчунин гуфта шуд, ки департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо аъзои Гурӯҳи кории Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо коршиноси байналмилалӣ ҳамкориро вусъат бахшида, табодули иттилоотро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монад. Ин аст, ки  бо иштироки коршиноси байналмилалӣ Бярне Хансен дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор шуд, ки дар он  раванди баҳодиҳӣ, методологияи гузаронидани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳодҳо вобаста ба қадамҳои минбаъдаи ҷонибҳо муҳокима гардид.

Бояд тазаккур дод, ки бори нахуст Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тибқи талаботи тавсияи якуми гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) дар доираи кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд солҳои 2015-2017 гузаронида шуда, Ҳисоботи он 18 сентябри соли 2017 дар ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ амал менамояд, тасдиқ гардида буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE