Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар Форуми Шӯрои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ иштирок доранд

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми 8-уми Шӯрои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти  Муттаҳидаи Америка гузашта истодааст, иштирок доранд.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум аз 2 то 5 май баргузор гардида,  дар он Вазири маориф ва илм, сардори раёсати маориф ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати моариф ва илм Тоҷикистонро намояндагӣ доранд.

Форум таҳти унвони «Илм, технология ва фановарӣ барои шифоёбӣ аз бемории коронавирус (COVID-19) ва амалисозии нақша дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 дар ҳамаи сатҳҳо» баргузор гардида, ҳадафи он муҳокима ва баррасии ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология, фановарӣ ва дастгирии расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар форум суханронии Вазири маориф ва илм дар назар дошта шуда, ҳамчунин вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони кишварҳо ва созмонҳои гуногун дар нақша аст

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE