Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд

5 декабр дар шаҳри Москва дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд. Дар ин бора дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки мулоқоту суҳбатҳои роҳбарони ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE