Байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
3 май ҷиҳати густариши ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародарӣ байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Дар ин хусус дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Қазоқистон Бакит Асанов имзо карда шуд
Ҳар ду ҷониб зимни имзои санади ҳамкорӣ вобаста ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар вилояти Туркистон беш аз 50 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунад, ки бо вилояти Суғд ва минтақаҳои вилояти Туркистон муносиботи нек доранд. Тибқи ин ёддошт, ҷонибҳо муносибатҳои дӯстона барқарор намуда, дар соҳаҳои саноат, иқтисоду савдо ва кишоварзӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд