Дар Душанбе Стратегияи милии рушд барои давраи соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гирифт
Тадбиқи барномаҳои ислоҳоти андоз дар ҷумҳурӣ, рақамкунонии андоз дар доираи барномаҳои ислоҳоти андоз, саҳми ислоҳоти андоз дар рушди бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, нақши ислоҳоти ислоҳоти андоз барои иҷрои “Стратегияи милии рушд барои давраи соли 2030” аз мавзӯҳои буд, ки зимни вохурии кормандони кумитаи андоз ва вазорати молия бо рӯзноманигорон дар китобхонаи миллӣ барасӣ шуд. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи “Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ” баргузор гардида, мавзӯи он “Ислоҳоти низоми андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоб гардида буд. Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати молияи ҶТ, Кумитаи андози ҶТ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ассостсиатсияҳои фаъолияти соҳибкорӣ, коршиносони соҳаи андоз ва андозбандӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон иштирок ва суханронӣ карданд.