Имрӯз дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Имрӯз, 2 май дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баргузор мегардад, хабар доданд дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Барои иштирок дар Конгресс ба Душанбе президентҳои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ва Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ташриф оварданд.

Роҳбарони созмонҳои футболи ҷаҳонӣ ва осиёӣ зимни сафарашон бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар мамлакатро баррасӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатӣ ба вазифаи раиси ин созмон мебошанд.

Ба иттилои сомонаи расмии CAFA, тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон, дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) баргузор мешавад. Дар Конгресс президент, ду ноиби президент, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.

Номзад ба президенти CAFA (муҳлат барои чаҳор сол – 2023-2027):

  1. Рустами Эмомалӣ (Тоҷикистон).

Номзадҳои ноиби президенти CAFA:

  1. Муҳаммад Юсуф Коргар (Афғонистон).
  2. Арслан Айназаров (Туркманистон).
  3. Равшан Ирматов (Узбекистон).

Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи КФО, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад:

  1. Достонбек Конокбоев (Қирғизистон).

Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи CAFA:

  1. Ҳидоят Момбенӣ (Эрон).

Номзади зан ба узвияти Кумитаи Иҷроияи CAFA:

Нест.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

  Чопи саҳифа   Равон кардан

Май 2, 2023 09:45

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE