Оғози сафари корӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка

20 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка шуданд.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамоиши сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо як қатор мулоқотҳои дуҷонибаро анҷом медиҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE