Дар Нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» 80 фоизи сохтмон ба анҷом расидааст

Ҳоло 80 фоизи корҳои сохтмонӣ  дар Неругоҳи барқи обии  «Себзор», воқеъ дар ноҳияи  Роштқалъаи Вилояти Мухтори  Куҳистони Бадахшон ба анҷом расонида шудаанд, иттилоъ медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуд. Масъулини Неругоҳи барқи обии «Себзор» итттилоъ доданд, ки  сохтмони иншоот босуръат идома дошта, тамоми имконоти мавҷуда барои дар муҳлати муқарраршуда- соли 2025 пурра ба истифода додани неругоҳ равона гардидаанд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки бо назардошти аҳамияти стратегӣ ва иҷтимоии ин неругоҳ ҷараёни сохтмонро таҳти назорати доимӣ қарор дода, сифат ва муҳлати иҷрои корҳои техникиро ба таври  қатъӣ риоя намоянд.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 мегаватт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш иқтидори умумии энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 дарсад зиёд мешавад.

Ин иншоот на танҳо ба таъмини устувори неруи барқ барои аҳолии маҳаллӣ мусоидат менамояд, балки имконоти рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.  

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE