Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи тиллои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гардид
Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди «Роғун — Обигарм – Нуробод» сазовори Ҷоизаи тиллои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)- «Gold Award» дар соҳаи рушди устувор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷоиза 5 май аз ҷониби Роҳбари минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон Айтен Рустамова ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим супорида шуд. Тақрибан чил лоиҳа ва корхона аз саросари ҷаҳон, ки дар таъмини устувории экологӣ ва иҷтимоӣ саҳми назаррас гузоштаанд, соҳиби ҷоизаҳои тилло, нуқра ва биринҷии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд шуданд. Қарор дар ин бора ба наздикӣ дар идораи марказии бонк дар Лондон қабул гардид.
Лоиҳаи Тоҷикистон, ба гуфтаи Айтен Рустамова, бо назардошти саҳми он дар иқтисодиёт ва ҳамлу нақли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳамчун яке аз беҳтарин намунаҳои лоиҳаҳои логистикӣ, ки аҳамияти онҳо солҳои охир боло рафтааст, қадрдонӣ ва соҳиби ҷоизаи олӣ гардидааст.
Ҷоизаҳои гуфташуда ҳамасола аз ҷониби БАТР барои ҷалби таваҷҷуҳ ба дастовардҳои рушди устувор бо қайди лоиҳаҳо ва корхонаҳое, ки бо инноватсия, таҷрибаи пешқадам, рушди устувор ва афзоиши иқтидор фарқ мекунанд, супорида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» аз ду марҳила иборат буда, дарозии умумии роҳ зиёда аз 75 километрро ташкил медиҳад. Марҳилаи аввал беш аз 30 километрро аз қитъаи Обигарм то Тагикамар фаро мегирад. Дар айни замон мутахассисон бо истифода аз техника ва механизми муосир кӯшиш мекунанд, ки иншоотро мувофиқи талаботи замон сохта, ба истифода диҳанд. Корҳои заминӣ, пармакунӣ, насби обпартои бетонӣ, деворҳои такягоҳ, насби арматура ва умуман корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ тибқи нақша идома доранд.