Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон, форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳ оғоз ёфт

Май 8, 2023 08:30 

Имрӯз, 8 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва  Туркманистон баргузор мегардад. Дар ин хусус дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамзамон, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими кушодашавии расмии намоишгоҳи маҳсулоти содиротии ду давлат, форуми тиҷоратӣ ва дар доираи форум вохӯриҳои дуҷониба дар шакли соҳибкор бо соҳибкор «В2В» байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.

Дар форум беш аз 67 ширкати калон ва хурду миёнаи Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, истеҳсоли қаҳва, сайёҳӣ, сохтмон, савдо, истеҳсолоти пластикӣ, хизматрасонии машваратӣ, истеҳсоли маҳсулоти канселярӣ, савдо, нассоҷӣ, истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти пластикӣ ва ғайра иштирок менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE